Асосӣ / Дар бораи мо

Дар бораи мо


Хуш омадед, ба сомонаи Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гуштӣ ва ҳасибҳои "Акома"!

Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гуштӣ ва ҳасибҳои ҶДММ “Акома” яке аз корхонаҳои пешқадами истеҳсоли ҳасиб ва маҳсулоти гӯштии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ҳадафи мо таъмини маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои босифат ва бехатар, бо риоя кардани талаботи экологӣ ва саҳмгузорӣ дар татбиқи стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амнияти озуқаворӣ мебошад.

Айни замон “Акома” зиёда аз 80 намуди ҳасиби гуногунлаззат, аз ҷумла ҳасибҳои пӯхташуда, дудкардашуда, бо бӯғ пухташуда, деликатесҳо, ҳасибҳои борик, ҳасибҳои хурди аз қимаи гӯшт тайёршуда истеҳсол мекунад.

Мо аз стандартҳои баланди сифати маҳсулотамон фахр мекунем. Гурӯҳи мутахассисони корхона сифат ва бехатарии ҳама маҳсулоти моро кафолат медиҳанд.

Корхонаи мо бо технологияи навтарин, ки дар Осиёи Марказӣ собиқа надорад, муҷаҳҳаз аст. Ҳамзамон ширкати “Акома” дорои сертификати ISO 22000-2019 мебошад. Ин тасдиқ мекунад, ки маҳсулоти мо ба талабот ва стандартҳои байналмилалии сифат мувофиқ аст.

Талоши мо ҳамеша ин аст, ки иртиботи худро бо мизоҷонамон дар сатҳи баланд нигоҳ дорем. Бо ҳамин хотир, навъҳои гуногун ва аз рӯйи интихоб хеле васеъи маҳсулотро ҷиҳати қонеъ гардондани завқу талаботи мизоҷонамон истеҳсол мекунем.

Ташаккур барои он ки “Акома”-ро интихоб кардед!

Мо бо камоли хушнудӣ ба шумо беҳтарин маҳсулоти босифатро пешниҳод менамоем. Умедворем, ки маҳсулоти “Акома” талабот ва интизориҳои шуморо пурра қонеъ мекунад.

Агар дархост, пешниҳод ё суоле доред, ҳамин ҳоло тамос гиред.
Мо эътимоду боварии шуморо қадр мекунем.

Бо эҳтиром "Акома".

Суроғаи мо:
ш. Душанбе, к. Баҳоваддинов 14
Телефони иловагӣ:
Почта:
Эҳёи лаззати ҳасибҳои ниёгон!